Як қисми бинои таърихии Тошҳовлии Хиваро, ки дар феҳристи ЮНЕСКО сабт шудааст, вайрон карданд


Як қисми қасри таърихии Тошҳовлии шаҳри Хива, ки дар феҳристи мероси фарҳангии башари ЮНЕСКО сабт шудааст, вайрон карданд. Дар ин бора Дарё.уз хабар дод.
Бино ба маълумоти вазорати фарҳанг, болои девори Тошҳовлӣ бо супориши Музейи Ичанқалъа аз сӯи ширкати хусусии “Сургут нефть строй” вайрон шудааст.
Гуфта мешавад, ки ҳар гуна корҳои таъмиру бозсозӣ дар Ичанқалъа бояд бар асоси хулосаи шӯрои илмии идораи фарҳанги ғайримодии вазорат ва бо мувофиқат бо созмони ЮНЕСКО анҷом шавад.
Аммо дар ин бора ба шӯрои илмӣ муроҷиате нашуда ва таъмиру бозсозӣ бе лоиҳа оғоз шудааст. Ҳоло идораи фарҳанги ғайримоддӣ ин корро бозистондааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ