Оё тартиби тасдиқи васиятномаро медонед?

Матни васиятнома бояд аз ҷониби васияткунанда навишта шуда, ба нотариус шахсан тақдим ё ки суханонаш аз тарафи нотариус навишта шавад.
Барои тасдиқ кардани васиятнома аз васияткунанда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи ба молу мулк доштаи ӯ талаб карда намешавад. Васиятнома бояд дар ҳолати нишон додани ҷой, сана ва вақти он дар шакли хаттӣ мураттаб гардад.
Васиятномаи хаттӣ бо дасти васияткунанда имзо шуда, фамилия, ном ва номи падар қайд шуданаш шарт.
Агар васиятномаро ба туфайли нуқсонҳои ҷисмонӣ, беморӣ ё ки бесаводӣ бо дасти худ имзо карда натавонад, бино ба илтимоси ӯ дар ҳолати ҳозир будани нотариус, васияткунанда сабабҳояшро фаҳмонида, шахси дигар метавонад ба он имзо гузорад. Дар чунин ҳолат нотариус дар асоси моддаи 1128-уми Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба шахси ба ҷойи васияткунанда имзонамуда мефаҳмонад, ки ӯ то вақти кушода шудани мерос ҳақ надорад маълумотро оиди мазмун, сохтор, бекоршавии васиятнома ё ки тағйирдиҳии он ошкор намояд ва дар ин хусус дар матни васиятнома қайд мекунад.
Ҳамчунин, дар матни васиятнома фамилия, ном ва номи падар, соли таваллуд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахс ва манзили зисти доимии шахсе, ки ба ҷойи васияткунанда имзо гузоштааст, навишта мешавад. Ҷараёни имзогузории васиятнома дар аудио ва видео ҳатман бояд наворбардорӣ шавад. Бино ба илтимоси васияткунанда ҳангоми тасдиқи васиятнома гувоҳҳо метавонанд иштирок намоянд. Дар чунин ҳолат дар ҳар ду нусхаи васиятнома дар ин хусус навишта мешавад.
Тибқи хоҳиши васияткунанда васиятнома аз ҷониби нотариус бо мазмуни он шинос нашуда (васиятномаи махфӣ) тасдиқ карда мешавад.
Васиятномаи махфиро васияткунанда аз сабаби мавҷудияти хавфи онро ҳақиқӣ наҳисобидан, бояд бо дасти худ навишта, имзо гузорад ва фамилия, ному насабашро пурра нависад. Дар ин бора нотариус аз васияткунанда даҳонӣ мепурсад ва дар хатти тасдиқкунанда менависад. Васиятнома бо иштироки ду гувоҳ ва нотариус бояд ба хатҷилд андохта, ширеш кунонида шавад. Гувоҳҳо дар ҳоли нишон додани фамилия, ном, номи падар ва манзили қайди доимӣ ба хатҷилд имзо мегузоранд. Хатҷилди имзогузошташуда бо иштироки гувоҳҳо ва нотариус ба хатҷилди дигар андохта, он ҳам ширеш карда мешавад ва нотариус ба он навишти тасдиқкунандаро мегузорад.
Васиятномаи махфӣ дар Сохтори махсуси нотариали қайд карда шуда, дар маҷмӯаҷилде, ки васиятномаҳоро нигоҳ медоранд, ҳифз карда мешавад.
Аз ҷониби нотариус аризаи васияткунанда оиди тағйир додан ё ки бекор намудани васиятнома бояд ба таври нотариалӣ тасдиқ карда шавад. Васияткунанда мувофиқи моддаи 16-уми Қонун «Дар бораи тағйир додан ё ки бекор намудани васиятнома» метавонад ба нотариуси дилхоҳ муроҷиат кунад. Дар чунин ҳол нотариус оиди тағйирот даровардан ё ки бекор кардани васиятнома ба Сохтори махсуси нотариалӣ маълумот дохил менамоянд.
Дар тасдиқ кардани васиятнома нотариус ба васияткунанда бояд мазмуни моддаҳои 1127 ва 1142-юми Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурияти Ӯзбекистонро фаҳмонад ва дар ин бора дар матни васиятнома қайд намояд.

Ҷаҳонгир АЗИЗОВ,
нотариус аз ноҳияи Ҷомбой, ки бо фаъолияти хусусӣ машғул аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ