Антирекорди нав: Дар як шабонарӯз дар Русия 613 нафар мубталои коронавирус фавтиданд


Дар шабонарӯзи гузашта дар Русия 613 нафар мубталои коронавирус даргузаштанд. Дар ин бора “МИР 24” хабар медиҳад.
То ҳол дар Русия дар як шабонарӯз чунин шумори зиёди қурбониёни коронавирус сабт нашуда буд.Аз оғози пандемия то ба имрӯз дар Русия 45 ҳазор нафар бар асари коронавирус фавтиданд.
Ҳамчунин, рӯз ба рӯз суръати паҳншавии коронавирус боло меравад. Рӯзи гузашта дар саросари Русия 28 585 нафар мубталои коронавирус шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ