Борис Ҷонсон: Эҳтимоли “Брексит”-и бе муомила хеле зиёд аст


Борис Ҷонсон, нахуствазири Британияи Кабир гуфт, ки дучори нокомӣ шудани музокираҳои тиҷоратии Иттиҳоди Аврупо ва Британияи Кабир “хеле ва хеле зиёд аст”. Дар ин бора Le Figaro хабар дод.
Ҷонсон гуфт, “Эҳтимолан мо бояд қарореро интихоб кунем, ки ба фикри ман барои Подшоҳии Муттаҳида беҳтарин аст. Аз 1 январ мо метавонем ҳар кореро, ки хоҳем анҷом диҳем”.
Ӯ афзуд, “Вале мо ҳанӯз умед дорем. Агар онҳо (Иттиҳоди Аврупоро дар назар дорад) пешниҳоди наве тақдим кунанд, дар гуфтаҳояшон тағйироте дида шавад, ман ҳамеша омодаам, ки инро баррасӣ кунам”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ