Шумори қурбониёни COVID-19 дар Африқо ба 55 ҳазор нафар расид


Дар қитъаи Африқо шумори умумии қурбониёни коронавирус ба 55 141 нафар расид. Дар ин бора созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод.
Дар як шабонарӯзи гузашта дар саросари қитъа 38 246 нафар ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд. 657 нафар бар асари ин вирус фавтиданд.
Бино ба маълумоти СҶТ, шумори умумии мубталоёни коронавирус дар Африқо ба 2 323 860 нафар расидааст.
Коронавирус дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Ҳабашистон, Кения, Ҷазоир ва Нигерия нисбат ба дигар кишварҳои қитъа бештар паҳн мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ