Асабонӣ нашавам гӯед …Барои асабонӣ нашудан ва ба ғазаб омадан ба тавсияҳои зерин риоя кунед:

  1. Дар хотир доред, ки бисёр бемориҳо аз вайрон будани асаб ба вуҷуд меоянд.
  2. Дар ёд доред. Агар асаби одамони гирифтори касалиҳои ҷигар, гурда, меъда, дил вайрон бошад, табобати бемории онҳо хеле душвор мешавад.
  3. Касоне, ки кайфияташон аксар хуб нест, зуд хашмгин мешаванд, бемории неврози дил ва меъда пайдо мекунанд.
  4. На танҳо дар кор ё назди бегонагон, балки дар хона низ бояд худро доранд, вазнин шаванд.
  5. Ҳангоми ҷаҳл баромадан рагҳо таранг шуда, фишори хун баланд мешавад, дил нодуруст мезанад, одам шабона хуб хоб карда наметавонад.
  6. Қаҳр, ғазаб, алам, пазмон шудан, ба депрессия афтодан ҳам ба омилҳои нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ, кашидани нос, сигарет ёки вазни зиёдатӣ медарояд.
  7. Ба рангҳои муҳити атроф, манзараҳои табиат эътибор додан фаъолияти асабро дар як меъёр нигоҳ медорад.
  8. Таомҳои шӯр, равғанин, тунд, қази кабобҳоро аз меъёр зиёд ҳар рӯз истеъмол кардан ба асабонӣ шудан меоварад.
  9. Меваю сабзавот ва кабудиҳоро бисёртар истеъмол кунед.
  10. Вақти асабонӣ шудан хӯрдани себ, бӯй кардан, чойи себин нӯшидан тавсия карда мешавад.
  11. Барои асабонӣ нашудан ҳар рӯз 2 дақиқа оҳиста давидан, мунтазам машқи ҷисмонӣ кардан, тарбияи бадан кардан зарур.
  12. Барои беҳтар кардани фаъолияти системаи асаб, монанди витаминҳои В1, В2, В3, нони ҷавдор, гӯшти гӯсфанд, панир (сир), тухум, карам, моҳӣ, каду, исмалоқ, себ, асал истеъмол кардан ба мақсад мувофиқ аст.
    Таҳия ва тарҷимаи Л.РАҲИМОВА
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ