Алиев: Арманистон дар Қаробоғ режими оташбасро вайрон кард


Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон гуфт, ки Арманистон дар Кӯҳистони Қаробоғ режими оташбасро вайрон кард.
Ӯ гуфт, “Ҳоло дар он ҷо сулҳҷӯёни Русия қарор доранд ва фаъолияти худро оғоз кардаанд. Ба ман хабар доданд, ки шаби гузашта ҷангҷӯён, ё бозмондаҳои нерӯҳои мусаллаҳи арман чандин ҳамларо анҷом додаанд, вале вазъият нисбатан барқарор аст. Аммо ин боиси нигаронӣ мебошад”.
Чанде пеш вазорати мудофиаи Арманистон низ эълон карда буд, ки дар Кӯҳистони Қаробоғ ҳамлаҳо оғоз шуд.
Ёдовар мешавем, ҷанг дар Қаробоғ рӯзи 27 сентябри соли ҷорӣ оғоз шуд ва 9 ноябр тарафҳо сулҳ карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ