Дар Қирғизистон 18 нафар номзад ба мақоми раисҷумҳурӣ сабтином шуданд


Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон 18 нафарро ҳамчун номзад ба мақоми раисҷумҳурӣ сабтином кард. Дар ин бора маркази матбуотии комиссияи марказии интихобот хабар дод.
Адахан Мадумаров, роҳбари ҳизби “Бутун Киргизистан”, Садир Ҷапаров, муҷрии собиқи вазифаи раисҷумҳури кишвар, Абдил Сегизбаев, раиси кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз ҷумлаи номзадон мебошанд.
Ёдовар мешавем, дар оғоз 63 нафар барои сабтином шудан ҳамчун номзад ба раисҷумҳурӣ ҳуҷҷат супурда буданд. Аммо танҳо 20 нафар 30 ҳазор имзои заруриро ҷамъоварӣ кард ва 1 миллион сӯм гаравпулиро пардохт.
Интихоботи раисҷумҳурӣ дар Қирғизистон рӯзи 10 январи соли оянда барпо хоҳад шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ