Дар дохили пирамидаҳои Миср чӣ бошад?

Дар Миср, дар наздикии шаҳри Қоҳира, бути бузурге қомат афрохтааст. Вай аз ду ним миллион дона сангпора сохта шуда, қариб ҳафт миллион тонна вазн дорад. Ин муъҷизапирамида оромгоҳи фиръавн Хеопс мебошад, зеро ҳамин тавр таъкид намудаанд бостоншиносон…
Меъморе, ки тарҳи онро кашидааст, олими риёзӣ, геолог ва кайҳоншинос будааст. Пирамида аз тарафи ӯ бо ба ҳисоб гирифтани ҳамаи тарафҳои кураи Замин аниқ сохта шудааст. Оё дониши мукаммали ин математик аз таҷриба ҳосил шуда буд ё мисриёни қадим ҳанӯз пеш аз Архимеду Пифагор илми риёзиро аъло медонистанд? Ин ба мо маълум нест.
Асрори пирамидаи Хеопс дар тӯли асрҳои зиёд диққати аҳли илму адаб ва ашхоси дӯстдори моҷароҳоро ба худ мекашад. Барои чӣ пирамидаро сохтаанд? Оё мазор аст он? Аммо дар роҳраву деворҳояш, толору таҳхонаҳо ва дахмаҳояш ягон мумиёи ҷасади фиръавне ё матни номае ёфт нашудаанд. Мегӯянд, ки ин пирамида ҳеҷ гоҳ оромгоҳ набудааст. Бисёр олимон барои ҳақиқат кардани ҳамин ақида санад меҷӯянд.
Роҳибони мисрӣ дар асри V то милод ба таърихдони Юнони Қадим Ҳеродот иттилоъ додаанд, ки пирамидаро фиръавн Хуфу (Хеопс) сохтааст: «Хеопс, чӣ тавре ки онҳо гуфтаанд, 50 сол ҳукм рондааст ва баъди марги вай тахтро бародари ӯ Хефрен соҳиб мешавад. Ӯ 56 сол шоҳ буд, вай ҳам пирамидае бунёд намудааст, аммо хурдтар. Баъд ба тахт писари Хеопс Микерин нишаст. Вай ҳам аз худ пирамидае ба мерос гузошт».
Дар дохили пирамидаҳо чӣ бошад? Кӯшиши ворид гардидан ба дохили пирамида аз солҳои пайдоишаш будааст. Дар асри IX ҳокими Миср Алмаъмун фармон дод, ки аз кунҷи шимолии пирамида нақб кананд. Коргарон зуд ба яке аз роҳравҳои дохилӣ роҳ ёфтанд. Ба онҳо муяссар шуд, ки ба дахмаи фиръавн, ки аз саркофаги (гӯри) бесарпӯш иборат буд, қадам гузоранд. Ҳамчунин ҳолат ба бостоншиноси итолиёвӣ Ҷованни Белсонӣ низ рӯй дод. Вай соли 1818 дар пирамидаи Хефрен (Хафри) дахмаеро кашф намуд, ки саркофаги мармарии сайқалёфтааш холӣ ва сарпӯшаш шикаставу дар бараш мехобид.
Солҳои 30 – юми асри XIX диққати полковники бритонӣ Говард Вайзро асрори пирамидаҳо ба худ кашиданд. Вай ба гурӯҳи бостоншинос Ҷованни Кавиҷо, ки пирамидаи Хеопсро таҳқиқ мекард, ҳамроҳ шуд. Баъди чанд вақт полковник аз ҳукуматдорони Миср иҷозат барои кофтуков гирифту итолиёвиро пеш кард. Говард бо роҳи таркондан дахмаеро ёфт, ки барои дигар ҷӯяндагони Хеопс номаълум буд. Дар деворҳои ин хонаи дохили пирамида бо ранги сурх исми фиръавн Хеопс сабт шуда буд…
Хабари ҳангомаомез зуд тамоми дунёро фаро гирифт. Полковник Вайз соҳиби шуҳрату эътироф гашт. Аммо бо гузашти вақт сирри дурӯғгӯӣ баромад. Мутахассиси забонҳои қадим Захария Сичин исбот намуд, ки полковник иероглифҳои қадимаи мисрии соли 1828 нашршударо истифода бурда, номи Хеопсро дар девор худаш навистааст. Вале Вайз кашфиётҳои илмии дигар ҳам дошт. Ӯ соли 1837 оромгоҳи фиръавн Менкаурро дар пирамидаи сеюм кушод, аммо саркофаг чун ҳарвақта холӣ буд.
Мисршиносон бар он ақидаанд, ки оромгоҳҳои пирамидаҳо ҳанӯз соли 2000 — ум пеш аз милод ғорат шудаанд, аммо боз нуқтаи назари дигар ҳам ҳаст. Мегӯянд, ки оромгоҳҳои асосии фиръавнҳо дар мағзи сангҳои бузург ё дар дахмаҳои дастнорас маҳфузанд ва то ҳанӯз кушода нашудаанд, он оромгоҳҳое, ки саркофагашон шикаста шудаанд, барои ба чашми ғоратгарон хок пошидан аст. Роҳибони Мисри Қадим ба Ҳеродот гуфта будаанд: «Обе, ки бо шохоби сунъӣ ҷорӣ мешавад, ҷазирае сохтааст ва дар он Хеопс гӯронда шудааст». Мисршиносон то ҳол дар ҳайратанд, ки дар биёбон об аз куҷо омада бошад? Ақидае ҳаст, ки аз дарёи Нил канале канда ба зери пирамидаҳо оварда бошанд.
Соли 1954 дар доманаи пирамидаи Хеопс иншооти зеризаминие кашф шуд. Бостоншиносон сафинае ёфтанд, ки синнаш ба 5000 сол мерасид ва гуфтанд, ки ин киштии фиръавн Хеопс мебошад. Вале имрӯз дар атрофи пирамидаҳо андешаҳо боз ҳам афзудаанд. Масалан, «каромотпеша» Кейси гуфтааст, ки ҳайкали сфинкс – абулҳавл (ҳайкали сангини шери хобида, ки сараш сари одам барин сохта шудааст), 10500 сол пеш аз кайҳон оварда шудааст. Ҳамин тавр, асрори пирамидаҳо то ҳол пурра кашф нашудаанд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ