Имрӯз инсони фарҳангдӯсту маърифатпарвар, раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят, депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳияи Самарқанд Акбар Маҳмудов зодрӯз дорад.

Инсони некбин, марди ватандўст ва равшанфикр, фарзанди фарзона ва обрӯманди Самарқанд Акбар Маҳмудов 13-уми декабри соли 1984 дар деҳаи Талибарзуи болои ноҳияи Самарқанд дар оилаи марди донишманд ва заковатманд, журналисти бебок ва олими шинохта, шодравон Ғафурҷон Маҳмудов ва муаллимаи ботаҷриба, Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон Матлуба Нарзуллоева ба дунё омадааст.
Акбар Маҳмудов таҳсили ибтидоиро дар мактаби таълими умумии рақами 41-и зодгоҳи худ фаро гирифта, баъди хатм ҳуҷҷатҳояшро ба шӯъбаи ҳуқуқшиносии техникуми хӯроквории Самарқанд месупорад. Ин боргоҳи таълимиро низ сарбаландона хатм карда, шомили филиали самарқандии Донишгоҳи технологияҳои ахбории Тошканд мегардад. Донишгоҳро бомуваффақият хатм намуда, фаъолияти меҳнатиро дар соҳаи хоҷагии кишоварзӣ сар мекунад ва чанд муддат дар ин соҳа меҳнат менамояд.
Таъсири муҳити хонаводагӣ, ки ҳама аҳли адабу фарҳанг буданд ва бо китобу рӯзнома сару кор доштанд, ба Акбар Маҳмудов низ бетаъсир намемонад. Соли 2009 директори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Истиқбол-пресс” мешавад. Гурӯҳи хуби эҷодиро ҷамъ намуда, чопи рӯзномаҳои “Афросиёб-пресс”, “Келаҷак авлод”, рӯзномаҳои бачагонаи “Булбулча” ва “Булбулча-доно”-ро ба роҳ мемонад. Инчунин, Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Янги аср матбуоти”-ро созмон дода, бо обуна ва миёни муштариён паҳн кардани рӯзномаҳо машғул мегардад.
Дертар таҳти ташаббуси Акбар Маҳмудов рӯзномаи сканвордии “Тафаккур ворд” ташкил карда мешавад.
Соли 2016 ба Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Келажак-пресс” асос мегузорад. Доираи фаъолияти корхона васеъ гардида, чопи рӯзномаи бачагонаи “Радуга” бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад.
Бояд гуфт, ки соли 2016 зери сарпарастӣ ва ташаббуси тадбиркори ҷавон ва тарғибгари фарҳанг Акбар Маҳмудов “Олами китоби Самарқанд” ташкил карда шуд. Ҳоло ин маскан яке аз манзилҳои дӯстдоштаи аҳли адабу хиради Самарқанд мебошад.
Акбар Маҳмудов аз соли 2019 чун раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят фаъолият дорад.
Ба ҳайси раиси марказ дар ташкили тадбирҳои фарҳангӣ, чорабиниҳои адабӣ, озмунҳои гуногун фаъол иштирок мекунад. Ғайр аз ин, барои чопи китоби як қатор эҷодкорони самарқандӣ сарпарастӣ намудааст.
Инчунин, депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳияи Самарқанд мебошад.
Меҳнат ва фаъолияти самарабахши Акбар Маҳмудов аз тарафи ҳукумати кишвар муносиб қадр гардида, бо нишонҳои сарисинагии “Ӯзбекистон мустақиллигига 25 йил”(2016), “Ӯзбекистон Конституцияининг қабул қилинганига 25 йил”(2017) ва ифтихорномаву ташаккурномаҳо сарфароз гардидааст.
Соли ҷорӣ Акбар Маҳмудов дар асоси Фармони Президенти кишвар барои хизматҳои шоиста бобати дастгирии аҳолии ниёзманд, кӯмак ба оилаҳои камбизоат дар шароити пандемия, бо нишони сарисинагии “Меҳр-саховат” мукофотонида шуд.
Акбар Маҳмудов падари меҳрубони чор нафар фарзанд мебошад. Ин марди саховатпеша ва хайрандеш пайваста мекӯшад то номбардори волидони номдори худ бошад.
Мо аз номи ҷамоаи эҷодии рӯзномаи “Овози Самарқанд” ва шабакаи ovozi.uz Акбар Маҳмудовро бо зодрӯз табрик намуда, сарбаландӣ, саодатмандӣ, шодмонӣ ва шодкомиҳоро таманно мекунем. Бигзор ҳамеша дуои модари меҳрубони худ Матлуба Нарзуллоеваро гирифта, ба сари аҳли оилаи хеш ва ёру дӯстон сиҳату саломат бошанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ