Озмоиши ваксинаи Чин дар Перу қатъ шуд


Дар донишгоҳи Каэтано Эредиаи Перу озмоиши ваксинаи зидди коронавируси Чин, ки ширкати Sinopharm истеҳсол кардааст, қатъ шуд. Дар ин бора «Интерфакс» хабар дод.
Ҳерман Малага, роҳбари гурӯҳи пажӯҳишгарон дар мусоҳибаи радиои Radio Programas del Peru гуфт, як нафар довталаб баъди эмкунии озмоишӣ дучори нишонаҳои бемории асаб шудааст.
Ба гуфтаи Малага, нишонаҳои бемории довталаби 64-сола эҳтимолан вобаста ба синдроми Гилен-Барре аст. Ҳоло барои баррасиву омӯзиши ин ҳолат озмоиши ваксинаи чинӣ муваққатан қатъ гардид.
Ёдовар мешавем, чанде пеш дар Ӯзбекистон низ озмоиши ваксинаи чинӣ дар одамон оғоз шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ