Энтони Ҷошуа муштзани Булғористонро мағлуб ва камарҳои қаҳрамонии худро нигоҳ дошт


Энтони Ҷошуа, муштзани Британияи Кабир дар Лондон бо Кубрат Пулеви булғоистонӣ рақобати қаҳрамонӣ баргузор кард. Рақобати онҳо 12-раундӣ буд, аммо Ҷошуа тавонист дар раунди 9-ум рақиби худро нокаут кунад.
Ҷошуа бо ин ғалаба се камари худро ҳифз кард. Ӯ қаҳрамони WBA, WBO ва IBF мебошад.
Ҷошуаи 31-сола то ҳол 25 бор вориди ринг шуда ва 24-тои онҳоро бо ғалаба ба поён расондааст. Ӯ танҳо як бор мағлуб шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ