Антирекорди нави коронавирус дар ИМА


Рӯзи 11 декабр дар ИМА 3309 нафар мубталои коронавирус фавтиданд. Ин шумори “рекордӣ” дар ИМА аст. Аз оғози пандемия то ба ҳол шумори қурбониёни шабонарӯзии коронавирус дар ин кишвар ба ин ҳад нарасида буд. Дар ин бора пажӯҳишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс, ки омори (статистика) коронавирусро дар ин кишвар ҳисоб мекунад, хабар дод.
Антирекорди қаблӣ рӯзи 9 декабр сабт шуда ва 3124 нафар бар асари коронавирус даргузашта буд.
То ба ҳол дар ИМА беш аз 15,91 миллион нафар мубталои коронавирус шуданд. Дар кулл 295 791 нафар бар асари вирус фавтиданд. ИМА аз рӯи шумори мубталоён ва қурбониёни коронавирус дар ҷаҳон кишвари аввал аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ