Дар Қазоқистон озмоиши ваксинаи миллии QazCoVac-P оғоз шуд


Дар Қазоқистон марҳилаҳои якум ва дувуми озмоиши ваксинаи истеҳсоли маҳаллӣ – QazCoVac-P оғоз шуд. Дар ин бора маркази мабуотии кумитаи улум ва таҳсилоти Қазоқистон хабар дод.
Бино ба ин хабар, дар ин марҳила довталабон бар зидди коронавирус бо ваксинаи QazCoVac-P эм карда мешаванд.
Бар асоси маълумоти рӯзи 11 декабр шумори мубталоёни коронавирус дар Қазоқистон 139 995 нафар аст. То ҳол 124 056 нафар бемор шифо ёфтаанд ва 2088 нафар бар асари вирус даргузаштаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ