Беш аз 700 нафар ӯзбекистонӣ аз Русия бармегарданд


Шаби гузашта 722 нафар шаҳрванди Ӯзбекистон аз шаҳри Волжскийи вилояти Волгогради Русия бо қатора роҳи Ӯзбекисонро гирифтанд. Дар ин бора Кун.уз ба нақл аз расонаҳои хабарии Русия хабар дод.
Қатора шабона дар соати 21.57 ба сӯи Тошканд роҳ гирифт. Ҳоло дар Волгоград шаҳрвандони Ӯзбекистон зиёданд. Ба ин далел, рӯзҳои 19 ва 26 декабр низ қатораҳо онҳоро ба Тошканд ватан бармегардонанд.
Бозгашти шаҳрвандони Ӯзбекистон аз Русия бар асоси созишномаи ду кишвар амалӣ мешавад. Бино ба маълумот, аз охири сентябр то ба имрӯз беш аз 31 ҳазор нафар ӯзбекистонӣ аз Волгоград ба ватан баргаштанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ