Олмон боз карантинро шадид мекунад

Ангела Меркел, канслери Олмон изҳор доштааст, ки дар робита ба бад шудани вазъи коронавирус дар кишвар карантини шадид ҷорӣ мешавад.

Маҳдудиятҳои ҷорибуда, аз 16-уми ин моҳ шадидтар шуда, то 19-уми январ идома меёбад.

«Дар робита ба маҳдуд кардани тамосҳо, на бештар аз 5 нафар намояндагони ду хонавода иҷозат доранд, ки мулоқот кунанд», — гуфт Меркел ва илова кард, ки каме сабукӣ дар Мавлуди Масеҳ, 24-26-уми декабр ба нақша гирифта шудааст, аммо сабукӣ дар соли нав пешбинӣ нашудааст.

Сартарошхонаҳо ва мағозаҳои чакана ба истиснои муассисаҳои фурӯши хӯрокворӣ ва молҳои ҳаррӯза аз 16-уми декабр баста мешаванд. Фурӯши пиротехникӣ дар рӯзҳои Соли нав манъ аст.

Тибқи маълумоти Пажӯҳишгоҳи Роберт Кох, табибон дар Олмон давоми 24 соати охир 20 200 ҳолати сироятро сабт кардаанд.

Ҳамин тариқ, шумораи умумии бемориҳои сироятӣ дар кишвар ба 1.320.716 расида, шумораи қурбониён 21787 нафар буда, беш аз 967 ҳазор нафар шифо ёфтанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ