ХИРС МУЛЛО МЕШАВАД АЗ ЗАРБИ ЧӮБ

Аз қадимулайём қадру қимати устод, муаллим хеле баланд аст ва ӯро шогирдаш бо муҳаббати беандоза ба забон мегирад.
Искандари Мақдунӣ бо вуҷуди ҷангараю оламгир буданаш дар назди устодаш Арасту сари таъзим фуруд меоварад, ӯро дар амру фармони подшоҳӣ баробар ва ҳатто аз худ бештар ҳисоб мекардааст. Боре як нафар аз Искандар мепурсад, ки чаро ӯ муаллими худ Арастуро аз падар беш ҳурмату эҳтиром мекунад. Искандар дар ҷавоб чунин мегӯяд:
Бигуфто: Зад ин нақши обу гилам,
В-аз он тарбият ёфт ҷону дилам.
Аз ин шуд тани ман пазирои ҷон,
В-аз он омадам зиндаи ҷовидон.
Аз ин по кушодам зи қайди адам,
В-аз он рӯ ниҳодам ба мулки қадам.
Асрҳо ин ҷониб дар мактабу мадрасаҳо мактабдору мударрисон бо роҳу усулҳои гуногун ба толибилмон дарс медоданд. Имрӯз ҳам ба вазъияти давру замон мутобиқ муаллимон ба хонандагон сабақ медиҳанд.
Беморие, ки сар то сари ҷаҳонро фаро гирифтаву бо номи “Ковид-19”машҳур гардидааст, дар қатори соҳаҳои гуногуни зиндагӣ ба таълиму тарбия низ таъсири манфӣ расонид. Хонандаи имрӯза чанд моҳ аст, ки тавассути таълими “онлайн” дониш мегирад. Аён гардид, ки ин намуди таълим назар ба таълими анъанавӣ самараи чашмрас надод. Бахусус, дар шароити деҳот, ки шабакаҳои интернетӣ суст аст (дар баъзе ҷойҳо тамоман мавҷуд нест), таълими “онлайн” аз аҳамият холӣ аст. Инро ба назар гирифта, мувофиқи дархости падару модарон дар аксарияти мактабҳои деҳоти кӯҳистон таълими анъанавӣ ҷорӣ гаштааст.
Ба ҳамагон аён аст, ки дар солҳои охир мавқеи мактабҳо аз рӯи дохилшавии хатмкунандагон ба мактабҳои олӣ баъди хатми синфи 11 муайян мегардад. Аксарияти хатмкунандагони мактабҳои деҳот ба номи донишҷӯ мушарраф нагардида боиси пастравии мавқеи таълимгоҳҳо мешаванд. Муаммои асосӣ дар он аст, ки хонандагони қобилияти баланди илмомӯзидошта баъди хатми синфи 9 бо баҳонаи набудани мутахассис ва ё таълим дар назди муаллими хусусӣ, ки ба истилоҳи “репититор” машҳур гардидааст, таҳсили худро дар литсею мактабҳои шаҳр давом додан мехоҳанд.
Сабаби дигари пастравии дониши хонандагон баъзе аз падару модарон мебошанд, ки ба илму дониш гирифтани фарзандашон бефарқанд. Пӯшонидани либосҳои қиматбаҳо, гузаронидани маросимҳои сермасрифи оилавиро аз донишомӯзиву касбинтихобкунии фарзандашон дар навбати аввал мегузоранд.
Толибилми имрӯза назар ба хонандаи даҳсолаҳои охири асри гузашта ва солҳои аввали садаи 21 ҷаҳонбинии васеъ дорад. Дар натиҷаи пешравии илму техника, ба вуҷуд омадани усулҳои нави таълиму тарбия маданияту маърифати насли наврас боло меравад. Бо вуҷуди ин, мутаассифона, хонандагоне дучор мегарданд, ки баробари дониши суст доштан интизомашон низ ба талаб ҷавоб намедиҳад.
Дар гузашта барои саводхон шудану соҳиби одобу ахлоқи хуб гардидани шогирдони танбал устодон аз ҷазоҳои гуногун истифода мебурдаанд. Табиист,ки шогирд баъди ҷазо гирифтанаш дар сафи ҳамдарсони боодобу донишмандаш ҷойгир мешуд. Ҷазо низ як намуди тарбия ба ҳисоб мерафт. Беҳуда нагуфтаанд:
Беадабро ҳар куҷо дидӣ, бикӯб,
Хирс мулло мешавад аз зарби чӯб.
Ҳоло муаллим баробари ҷазо надоданаш ба гузоштани баҳои “бад” низ ба шогирдаш истиҳола мекунад.
Аз падару модарон ва ҳам аз устодон хоҳиш менамудем, ки ба таълиму тарбияи фарзанду шогирдонашон эътибори ҷиддӣ диҳанд. Ба гузаронидани тӯю маросимҳои хурсандибахш вақт мерасад, аммо ҷавонон як лаҳза аз омӯзиш бозмонанд, дер мешавад.

Элмурод РӮЗИЕВ, омӯзгори тоифаи олӣ.
Ноҳияи НУРАТО.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ