Олимон ақлу ҳуши зоғ ва маймунро муқоиса карданд


Гурӯҳи олимон аз кишварҳои гуногун услуберо таҳия карданд, ки он имкони муқоисаи қобилияти зеҳнии зоғ ва маймуни одамшаклро медиҳад. Натиҷаи тадқиқоти олимон дар маҷаллаи Scientific Reports чоп шуд.
Дараҷаи қобилияти зеҳнии маймунҳои одамшаклро одамон кайҳо кашф кардаанд. Пажӯҳиши қаблӣ қобилияти зеҳнии зоғ – боҳуштарини паррандаҳоро низ нишон додааст. Аммо муқоисаи дараҷаи зеҳни онҳо ба олимони қаблӣ муяссар нашуда буд.
Услубе, ки ҷонваршиносон таҳти роҳбарии Симон Пик, профессори Донишгоҳ Оснабрюки Олмон таҳия карданд, имкон медиҳад, ки қобилияти зеҳнии маймунҳои одамшакл ва зоғҳои муқоиса шавад.
Зоғҳо бисёре аз тестҳоро мисли маймунҳо бомуваффақият супурданд. Танҳо дар тестҳои тафаккури маконӣ бартарии зеҳни маймунҳо нисбат ба зоғҳо чашмрас буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ