COVID-19: шумораи сироятёфтагон ва фавтидагон дар ҷаҳон

Теъдоди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон аз марзи 72,6 миллион гузашт ва дар як шабонарӯз беш аз 539 ҳазор зиёд шуд. Ин маълумотро имрӯз, 14 декабр Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) интишор намудааст.
То соати 10:00 (вақти Душанбе) 14 декабр, ба СУТ дар бораи 72 646 648 ҳолати сироятёбӣ ва 1 618 908 фавт маълумот ворид шудааст. Шумораи одамоне, ки дар як шабонарӯз сироят ёфтаанд, 539.289 нафар ва фавтидагон 7650 тан афзудааст.
Аксари ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар ИМА сабт шудаанд — 16 737 267. Пас аз он — Ҳиндустон (9 884 716), Бразилия (6 901 990), Россия (2 653 928), Франсия (2 376 852), Британияи Кабир (1 849 403), Италия (1 843 712), Туркия (1 836 728), Испания (1 741 439), Аргентина (1 498 160), Колумбия (1 425 774), Германия (1 338 483) ва Мексика (1 250 044) ҷойгиранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ