Bloomberg: Шветсия мехоҳад истифодаи пули нақдро қатъ кунад


Шветсия мехоҳад то соли 2022 истифодаи пули нақдро комилан қатъ кунад. Дар ин бора ТАСС ба нақл аз Пер Болунд, вазири масъалаҳои бозорҳои молиявӣ ва ҳуқуқи истеъмолкунандагон хабар дод.
Гуфта мешавад, ки аз 11 декабр имконоти гузар ба пули электронӣ омӯхта мешавад. Ин ҷараён то моҳи ноябри соли 2022 идома хоҳад ёфт.
Бино ба маълумоти бонки марказии Шветсия, дар моҳи ноябри соли ҷорӣ камтар аз 10 дарсади пардохтҳо бо пули нақд сурат гирифтааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ