Нахустин гурӯҳи бонувони афғонистонӣ барои омӯхтани агрономия ба Ӯзбекистон омад


10 нафар бонуи афғонистонӣ барои таҳсил дар соҳаи агрономия ба Ӯзбекистон омад. Дар ин бора Кун.уз хабар дод.
Ин нахустин гурӯҳи бонувони ҳамсоякишвар буда, онҳо 2,5 сол дар Ӯзбекистон таҳсил мегиранд.
Омӯзиши бонувони Афғонистон дар Ӯзбекистон лоиҳаи Барномаи рушди Созмони милали муттаҳид аст, ки Иттиҳоди Аврупо онро аз ҷиҳати молиявӣ таъмин мекунад.
Дар чорчӯби лоиҳа 50 нафар бонуи афғонистонӣ дар донишгоҳҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон таҳсил мегиранд. Иттиҳоди Аврупо барои амалисозии ин лоиҳа 2 миллион евро ҷудо кард. Муҳлати иҷрои лоиҳа то соли 2025 аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ