Ӯзбекистон барои кам кардани бекории аҳолӣ 93 миллион доллар қарз мегирад

Бонки Рушди Осиё (БРО) барои татбиқи лоиҳаи коҳиши бекории аҳолӣ дар Ӯзбекистон 93 миллион доллар кредит доданро тасдиқ кард.

Дар ин бора матбуоти Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ хабар додааст.

Тибқи ин лоиҳа, ки аз ҷониби Вазорати шуғли аҳолӣ ва муносибатҳои меҳнатӣ ва Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус дар якҷоягӣ таҳия шудааст, 60,000 шаҳрвандон, аз ҷумла 48,000 нафар бекорон, имкон доранд, маҳорати касбии худро такмил диҳанд.

Вазорати шуғли аҳолӣ ва муносибатҳои меҳнатӣ иҷрокунандаи лоиҳа мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ