Ваксинаи «Sputnik V» ба тамоми минтақаҳои Русия расонида шудааст

Ваксинаи Sputnik V барои эмгузаронии оммавии аҳолии Русия аз коронавирус ба тамоми минтақаҳои кишвар расонида шуд.

Дар ин бора вазири тандурустии Русия Михаил Мурашко хабар медиҳад.

«Фармони президент иҷро шуд ва ваксина барои эмгузаронии оммавӣ ба тамоми минтақаҳои Русия расонида шуд» гуфт Мурашко.

10-уми декабр Н. Ф. Александр Гинтсбург, директори Маркази миллии тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи Гамалея гуфт, ки зиёда аз 150 000 нафар бо Sputnik V эм карда шуданд.

Рӯзи 2-юми декабр президент Владимир Путин фармон дод, ки эмгузаронии коронавирус оғоз карда шавад. Ба гуфтаи ӯ, аввал муаллимон, кормандони тиб ва кормандони иҷтимоӣ эм карда мешаванд.

5-уми декабр дар Маскав аввалин нуқтаҳои эмгузаронӣ кушода шуданд.

Sputnik V аввалин ваксинаи сабтиномшуда дар ҷаҳон алайҳи Covid-19 мебошад. Эмкунӣ бо дору дар ду марҳила гузаронида мешавад ва он дар давоми 42 рӯз иммунитетро аз ин беморӣ ташаккул медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ