Дар Ҳиндустон бо мақсади пешгирии паҳншавии COVID-19 истифодаи маводи пиротехникӣ манъ гардид

Вазири иёлати Раҷастони Ҳиндустон Ашок Гелот изҳор намудааст, ки минбаъд бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавируси COVID — 19 истифодаи маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) манъ мешавад.
«Ҳукумат қарор дод, ки фурӯш ва истифодаи маводи тарфгариро бо мақсади ҳифозати гирифторони COVID – 19 аз дуди заҳрнок манъ намояд. Зеро ҳифзи саломатии шаҳрвандон вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Ҳиндустон аст», — иброз доштааст Ашок Гелот.
Кормандони соҳаи тандурустии Ҳиндустон огоҳ намудаанд, ки дар фасли зимистон, бинобар ифлосшавии ҳаво (бо сабаби истифодаи бештари сӯзишворӣ) паҳншавии вируси COVID – 19 дубора авҷ мегирад. Духтури сироятшинос Арвинд Кумар изҳор намудааст, ки ифлосшавии ҳаво сабаби сустшавии масуният ва осебёбии шуш мегардад. Ин афрод нисбат ба ашхоси солим бештар осебпазиранд.
Тавре имрӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иттилоъ дод, Ҳиндустон аз ҷиҳати теъдоди гирифторон ба коронавирус дар ҷаҳон баъди ИМА ҷойи дуюмро ишғол мекунад. Аз рӯйи маълумоти охирин (то 14 декабр), шумораи гирифторшудагон дар он ҷо ба 9 миллиону 884 ҳазору 716 нафар расидааст!
Бояд гуфт, ки ҳангоми «таркидан»-и маводи тарфгарӣ ба фазо заррачаҳои алюминий, сулфиди сурма, намакҳои қӯрғошим, нитрати барий ва дигар моддаҳои зарарнок паҳн мешаванд. Заррачаҳои алюминий метавонанд ба пӯст осеб расонида, дар организм ҷамъ шаванд ва фаъолияти бофтаҳои асабро халалдор созанд. Намаки қӯрғошим муддати зиёд дар фазо боқӣ монда, ба системаи асаб, гурдаҳо ва меъда зарар мерасонад. Нитрати барий ба роҳҳои нафас зарба мезанад. Оксиди нитроген, озон ва диоксиди сулфур роҳҳои нафасро сӯзонида, боиси заҳролудшавии организм мегарданд.
Мувофиқи маълумоти Ҷамъияти табибони роҳҳои нафаси Аврупо, гулоташ (фейерверк)-ҳо дар таркибашон сулфур, марги муш, манган, перхлорати калий ва нитрати стронсий дошта, ба саломатӣ зарар доранд. Илова бар ин, дуди салют то ба дурии 50 километр паҳн шуда, ба муҳит таъсири манфӣ мерасонад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ