Ҷонишини ҳокими Кобул дар натиҷаи таркиш вафот кард

Полиси Кобул хабар додааст, ки ин ҳодиса субҳи имрӯз дар Микрорайони чаҳоруми ноҳияи 9-уми амниятии Кобул рух додааст, хабар медиҳад шабакаи телевизионии Афғонистон tolonews.com.
Субҳи имрӯз ҷонишини ҳокими Кобул Маҳбубуллоҳ Муҳибӣ ва ёвари ӯ кушта шуданд.
Тибқи иттилои полиси Кобул, ин ҳодиса тақрибан соати 9:40 дақиқаи субҳи имрӯз (сешанбеи 15 декабр) дар ҳудуди Микрорайони чаҳоруми ноҳияи 9-уми амниятии Кобул ҳангоме рух дод, ки минаи магнитии дар мошини Маҳбубуллоҳ Муҳибӣ гузошташуда таркид.
Пулиси Кобул мегӯяд, ки ду посбони Маҳбубуллоҳ Муҳибӣ низ дар ин инфиҷор захмӣ шуданд.
То ҳол ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла «Толибон», масъулияти таркишро ба дӯш нагирифтааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ