Ниҳоят Путин Байденро бо пирӯзӣ табрик кард


Владимир Путин, раисҷумҳури Русия Ҷо Байденро бо ғалаба дар интихоботи раисҷумҳурии ИМА табрик кард. Дар ин бора маркази матбуотии Кремл хабар дод.
Баъзе аз кишварҳо аз рӯзи 7 ноябр табрик гуфтани Байденро оғоз карда буданд. Аммо Путин то ба ҳангоме, ки ғалабаи Байден ба сурати расмӣ эълон шуд, шитоб накард.
Путин дар паёми шодбошии худ, ки дар Телеграм навишт, ба раисҷумҳури нави ИМА комёбиҳо орзу кард.
Ӯ гуфт, ки бо вуҷуди ихтилофи назар дар миёни Русия ва ИМА дар бисёре аз масъалаҳо метавонанд барои ҳалли бисёре аз муаммоҳо ва таҳдидҳои ҷаҳон саҳмгузор бошанд.
Путин омодагӣ ба робитаҳо ва ҳамкориҳои дуҷонибаро низ таъкид кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ