Пеш аз соли нав дар Ҳолланд низ карантин ҷорӣ шуд


Ҳукумати Ҳолланд аз 15 декабр то 19 январ дар саросари кишвар карантини қатъӣ ҷорӣ кард. Дар ин муддат дар Ҳолланд мактабҳо, донишгоҳҳо, кӯдакистонҳо, толорҳои варзишӣ, музейҳо, боғи ҳайвонот, кинотеатрҳо, сартарошхонаҳо фаъолияти худро қатъ мекунанд.
Бино ба хабари Reuters, дар даври карантин фақат мағозаҳои хӯрокворӣ, дорухонаҳо ва бонкҳо кори худро идома медиҳанд.
Марк Рютте, сарвазири Ҳолланд гуфт, “Нидерландия баста мешавад. Ин қарори мо дар арафаи Мелоди Масеҳ ҷиддӣ аст ва мо инро мефаҳмем”.
Дар ба поён расидани карантин дар берун аз хона ҷамъ шудани беш аз 2 кас манъ шуд.
Ҳамчунин, ҳукумати Ҳолланд ба шаҳрвандон пешниҳод кард, ки сафарҳои хориҷиро то 15 март ба таъхир гузоранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ