Дар ИМА электромобилҳое, ки бо барқи офтобӣ ҳаракат мекунанд, дар як рӯз фурӯхта шуданд


Ширкати амрикоии Aptera Motors 330 дона электромобил истеҳсол кард, ки онҳо бо барқи офтобӣ ҳаракат мекунанд. Ҳамаи ин электромобилҳо ҳамагӣ дар як рӯз ба фурӯш рафтанд.
Бино ба хабари Independent, дар болои ин электромобил батареяҳои офтобӣ насб шудаанд. Барқи офтобӣ ба электромобил барои тай кардани 62 километр қувваи иловагӣ медиҳад.
Намуди ғайриоддии электромобил, ки аз ҷиҳати аэродинамикӣ хеле самарбахш аст, ба он имкон медиҳад, ки ҳангоми ҳаракат камтар қувва сарф кунад. Нархи электромобил 26 ҳазор доллар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ