Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст…

Рӯзи кормандони хоҷагии қишлоқи Ӯзбекистон дар вилоятамон васеъ таҷлил гардид. Ба ин муносибат, дар ноҳияи Самарқанд тадбири идона гузаронида шуд.
Дар тадбир ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов кормандони соҳаи хоҷагии қиш­лоқро бо муваффақият ва дастовардҳо табрик кард. – Ҳоло дар вилоят фаъолияти 44 адад кластер, аз ҷумла дар соҳаи пахтакорӣ-­бофандагӣ 10-то, ғаллапарварӣ 15-то, меваю сабзавот 13-то, картошкапарварӣ 5-то ва дар соҳаи парвариши растаниҳои доруворӣ фаъолияти як кластер ба роҳ монда шуда, барои онҳо 151,9 ҳазор гектар майдон ҷудо карда шудааст, – гуфт ҳокими вилоят Э. Турдимов. – Соли ҷорӣ дар асоси тамоили «Як маҳалла – як маҳсулот» 96 маҳаллаи шаҳру ноҳияҳо ба парвариши сабзавот ва маҳсулотҳои полизӣ ихтисосонида шуданд. Дар давоми як сол аз кирмакпарварӣ чор маротиба ҳосил гирифта, 12 миллион долларина абрешим ва маҳсулоти абрешимӣ экспорт карда мешавад. Бо мақсади сарфаи об ва истифодаи босамари он дар 12,2 ҳазор гектар майдон аз технологияҳои сарфакунандаи об истифода мебаранд.
Соли 2020 ба 53 давлати ҷаҳон, аз ҷумла, Россия, Хитой, Туркия, Украина, ИМА, Полша, Германия ва Канада ҷамъ 133,5 ҳазор тонна меваю сабзавоти 104,9 миллион долларина экспорт карда шуд. Дар асоси татбиқи лоиҳаи арзишаш ба 206,7 миллиард сӯм баробар 7-то корхонаи аз нав коркард ва нигоҳдории маҳсулоти меваю сабзавот бунёд гардида, 205-то ҷойи иловагии корӣ ташкил карда шуд.
Дар паёми табрикии Президенти кишвар ба муносибати Рӯзи кормандони хоҷагии қиш­лоқи Ӯзбекистон дастовардҳои хоҷагиҳои фермерии «Азамат Сироҷ» ва «Абдусалом Хӯшматов»-и ноҳияи Нарпай дар соҳаи парвариши ғалла ва пахта эътироф карда шуд, ки ин баҳои сазовор ба меҳнати шоистаи кормандони соҳаи кишоварзии вилоятамон мебошад.
Дар идомаи тадбир ба як гурӯҳ кормандони соҳа баҳри меҳнати чандинсолаи фидокорона дар соҳаи хоҷагии қишлоқ, саҳмгузорӣ дар афзунсозии қудрати иқтисодӣ ва салоҳияти экспортии кишвар, таъмини фаровонии ризқу рӯзии мардум ва хизматҳои шоиста бобати татбиқи технологияҳои замонавӣ дар соҳаи аграрӣ ифтихорномаҳои ҳокимияти вилоят супорида шуд.
Инчунин, кормандони соҳа дар асоси фармоиши вазири хоҷагии қишлоқ бо нишонҳои сарисинагии «Ӯзбекистон Республикаси қишлоқ хӯжалиги фидоийси», аз тарафи Вазорати хоҷагии об бо «Сув хӯжалиги аълочиси», аз ҷониби Шӯрои фермер, хоҷагии деҳқонӣ ва соҳибони замини наздиҳавлигӣ бо «Илғор фермер» ва «Намунали томорқачи» сарфароз гардиданд.
– Пандемияи имсола чун дигар соҳаҳо ба соҳаи хоҷагии қишлоқ низ таъсири худро расонд, – гуфт сарвари хоҷагии фермерии «Мурод чавандоз»-и ноҳияи Пастдарғам Раҳмонқул Муродов. – Аммо душвориҳоро паси сар ва марраи зафарро забт кардем. Дар 150 гектар майдони хоҷагии худ ғалла ва ғӯза парвариш кардем. Аз ғалла қариб 85 тонна ва аз пахта беш аз 60 тонна ҳосил ҷамъоварӣ ва нақшаро барзиёд иҷро намудем.
Дар иди касбӣ меҳнати камтаронаи мо эътироф гардида, бо нишони сарисинагии «Қишлоқ хӯжалиги фидоийси» мукофотонида шудам.
Дар доираи тадбир намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии дар вилоят истеҳсолшуда ташкил гардид.


Иди кормандони хоҷагии қишлоқ дар ноҳияҳо низ васеъ ҷашн гирифта шуд. Дар тадбири идонае, ки дар ноҳияи Пайариқ баргузор шуд, пешқадамтарин саройи муқобили мошину тракторҳо, раисони хоҷагиҳои фермерӣ, чинакчиёни фаъол аз тарафи ҳокимият ва Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Пайариқ кластер» мукофотонида шуданд.
Аз ҷумла, раиси саройи муқобили мошину тракторҳои «Пахтакор» Хӯроз Қаршибоев бо автомобили тамғаи «Tracker», роҳбари хоҷагии фермерии «Сортой» бо «Nexia‑3» ва сокини маҳаллаи Полвонариқи ноҳия Гулбаҳор Чинниқулова, ки дар давоми мавсим беш аз 10 тонна пахта чидааст, бо мошини тамғаи «Damas» мукофотонида шуданд.


Дар ноҳияи Пастдарғам ба кормандони пешқадами соҳа ифтихорнома ва тӯҳфаҳои қиматбаҳои ҳокимияти ноҳияро супориданд.
Тӯҳфаи беҳтарин ба роҳбари хоҷагии фермерии «Сарбон Н.И. Эргашев»-и ноҳия Наврӯз Эргашев насиб кард. Ба ин кишоварзи ботаҷриба, ки ба ҷойи 597 тонна, 677 тонна пахта супорида, нақшаро пеш аз ҳама ва барзиёд иҷро кардааст, автомошинаи «Nexia‑3» тӯҳфа карда шуд.

Ӯктам ХУДОЙБЕРДИЕВ/

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ