Инвеститсия омили пешравист

Бо қарори Сарвари давлат аз 28-уми январи соли 2019 «Дар бораи ташкили фаъолияти Вазорати инвеститсияҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» таҳти рақами ҚП‑4135 Вазорати инвеститсияҳо ва савдои хориҷӣ ва дар вилояту шаҳру ноҳияҳо садорат ва шӯъбаҳои онҳо ташкил гардида, барои пешравии иқтисодиёт мусоидат карданд. Масалан, агар дар соли 2017 дар Самарқанд инвеститсияи хориҷӣ 17 миллион доллари амрикоиро ташкил карда бошад, соли ҷорӣ расонидани ин рақам ба 350 миллион доллари амрикоӣ дар назар аст.
– Имсол аллакай 140 миллион доллари амрикоӣ инвеститсияи хориҷӣ аз худ карда шуд, – гуфт ҷонишини сардори Садорати инвеститсия ва савдои берунии вилоят Шерзод Собиров. – Зеро ҳар чӣ қадар аз хориҷа инвеститсия бештар ворид кунем, ҳамон қадар ғояҳои нав, асбобу ускунаҳои замонавӣ ва аз ҳама муҳим, таҷрибаи истеҳсолоти маҳсулот афзуда, иқтисодиёт пурқувват мегардад.
Соли ҷорӣ аз сабаби пандемия аксарияти мамлакатҳо сарҳади худ­ро пӯшиданд. Лекин ҳар чӣ қадар қуллаҳои кӯҳ баланд бошад ҳам, пайроҳаҳо то манзили мурод хоҳанд бурд. Бинобар ҳамин, мо кӯшиш ба харҷ додем, ки мутахассисони хориҷиро ба мамлакат оварем. Ин корамон самараи хуб дод. Дар тӯли 11 моҳи соли равон қариб 170 миллион доллар азхуд карда шуд. Бояд таъкид кард, ки барои ҷалб намудани мутахассисону сармоядорони хориҷӣ, ки ба миқдори беш аз 300 ҳазор доллар маҳсулот содирот мекунанд, додани имтиёзҳои андоз, боҷхона ва ҳимояи ҳаққу ҳуқуқи онҳо нақши муҳим дорад. Шояд аз ҳамин сабаб аз Русия, Хитой, Туркия, Тоҷикистон, Қазоқис­тон ва дигар давлатҳо ба Самарқанд инвесторҳо омада, фаъолияти пурсамарона мебаранд.
Боиси хурсандист, ки на танҳо дар соҳаи саноат, инчунин тиббиёт, сохтмон, кишоварзӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ низ лоиҳаҳои пурарзиш татбиқ мегарданд. Масалан, дар ноҳияи Булунғур «Najod Med», ноҳияи Самарқанд ташхиси тиббии «Untra-­med», шаҳри Самарқанд «Zarmed protikcha» ва лоиҳаҳои дигар амал мекунанд. Дар асоси шартнома Аэропорти байналхалқии Самарқанд таъмир гардида, барои корҳои бинокорӣ 800 миллион доллари хориҷӣ равона карда шудааст.
Хуллас, дар асоси дастури инвес­титсияи ҳудудӣ дар соли оянда дар Самарқанд 484 лоиҳае, ки арзиши умумии онҳо беш аз 11 триллион сӯм аст, амалӣ мешавад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳазорҳо нафар мардум бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
– Дар ноҳияи Самарқанд, – иброз дошт ҳокими ноҳия Носир Мавлонов, – дар тӯли ду соли охир бо ҷалби бевоситаи инвеститсияи хориҷӣ амалӣ намудани 12-то лоиҳаи арзиши умумиашон 45 миллион долларинаро ба нақша гирифта будем. Хушбахтона, натиҷа аз нақша зиёд аст. Дар соҳаи содироти маҳсулоти саноатӣ ва хоҷагии қишлоқ низ як қатор корҳо иҷро гардиданд. Агар дар соли 2019 нақшаи экспортии ноҳия қариб 50 миллион доллари амрикоиро ташкил карда бошад, имсол он якуним баробар афзуд.
Бояд гуфт, ки дар мамлакат доир барои ривоҷдиҳии тадбиркорӣ, ба соҳибкорӣ ҷалб кардани аҳолӣ, хусусигардонии активҳои давлатӣ, афзунсозии ҳаҷми маҳсулот ва ҷойҳои нави корӣ нақшаҳои зиёд иҷро мешаванд ва ин чорабиниҳо натиҷаи дилхоҳ медиҳанд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ