Клуби занҳои депутат кушода шуд

Дар ҳар гуна ҷамъият яке аз сатҳҳои маданият ва камолоти маънавӣ бо муносибат нисбат ба занон муайян карда мешавад. Дар кишварамон масъалаҳои вобаста ба занон доимо дар маркази диққати давлату ҷамъият мебошад. Дар моддаи 46-уми Конститутсияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон таъкид гардидааст, ки «Занону духтарон ва мардон ҳуқуқи баробар доранд».
Дар солҳои истиқлолият мақсади асосӣ аз қабули Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи ҳимояи занону духтарон аз тазйиқу зӯроварӣ», Қарор «Дар бораи боз ҳам қувват додани кафолатҳои ҳуқуқи меҳнати занону духтарон», Қарори Девони Вазирон «Дар бораи чораву тадбирҳои такмилдиҳии сохтори ҳимояи занону духтарон аз тазйиқу зӯроварӣ» ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои занону духтарони мамлакатамон, афзудани фаъолии хоҳаронамон, мадади маънавӣ-­рӯҳӣ ба онҳо, умуман, ҳимоя аз таҳдидҳои гуногун мебошад.
Ҳамчунин, як қатор ташкилот барои ҳимояи ҳуқуқи занҳо фаъолият менамоянд ва Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ»-и Ӯзбекистон низ аз ҷумлаи онҳост. Якчанд корҳои амалӣ ва лоиҳаҳои бо ин мақсад нигаронидашудаамон натиҷаҳои худро медиҳанд. Аз ҷумла, дар назди Шӯрои вилоятии ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ»-и Ӯзбекистон «Клуби занҳои депутат» кушода шуд, ки мақсади асосӣ аз он ба воситаи муттаҳид намудани 23 нафар зан депутати шӯроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб барояшон боз намудани майдони мулоқот ва таҷриба, дар асоси анъанаи «Устод ва шогирд» афзудани фаъолии «Боли бонувон»-и ҳудуд, тарбия намудани авлоди нави занони сиёсатмадор, дар ин мавзӯъ ташкил кардани семинар-­тренинг, сӯҳбат ва дарсҳои маҳорат мебошад.
Дар натиҷаи фаъолии «Боли бонувон»-и ҳизб аз 30604 нафар аъзои умумии ҳизб 11845 нафарро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Дар Шӯрои намояндагони халқи вилоят 5 нафар, дар Шӯроҳои намояндагони халқи ноҳия ва шаҳр 18 нафар, раисони ташкилоти ибтидоии ҳизб 185 нафар, раисони Шӯро – 2 нафар, ҷонишинони раисони Шӯро 26 нафар, мутахассисони пешрав 7 нафар, кадрҳои захиравӣ 52 нафар, дар гурӯҳи ҳуқуқӣ-­тарғиботии «Кӯмак»-и иборат аз донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ 5 нафар ва 1 нафар аъзои интихобшудаи ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ»-и Ӯзбекистон ба Парламенти ҷавонони назди Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис занҳо мебошанд.
Аз бозе, ки лойиҳаи «Хизмат-­беминнат» аз ҷониби «Боли занҳо»-и Шӯрои вилоятии ҳизб ба кор даромад, то имрӯз 66-то курс­ҳои хонишӣ ташкил гардид. Дар он барои касбомӯзии бештар аз 550 нафар занону духтарон шароит фароҳам оварда шуд. Дар доираи лойиҳаи «Хона ба хона» ба 320 хонадон ташриф оварда, 255-то муаммои онҳо аниқ гардид. Аз он 79-тоаш ҳалли худро ёфта, бо 46-тоаш корҳои фаҳмондадиҳӣ амалӣ гардид ва 73-тоаш ба ташкилоти дахлдор фиристода шуд. Ҳоло ҳалли 53 масъала дар зери назорати депутатҳои Шӯроҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб мебошад.
Бо мақсади кори сохторӣ бо муроҷиатҳои занону духтарон ва ҷавонон дар Шӯрои вилоятии ҳизб телефони боварӣ, амал мекунад.

Дилбар МУҚИМОВА,
пешоҳанги «Боли бонувон»-и Шӯрои вилоятии Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ»-и Ӯзбекистон.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ