Кай барои баргузории барномаҳои консертӣ ба сарояндагон иҷозат медиҳанд?


Ҷамол Носиров, муовини якуми вазири маданияти Ӯзбекистон дар бораи масъалаи оғози баргузории барномаҳои консертии сарояндагон маълумот дод.
Носиров гуфт, “На танҳо халқ мо, балки худи ҳунармандони мо низ барномаҳои консертӣ ва тафреҳиро пазмон шуданд. Вале, бояд ин чизро хуб дарк кунем, ки пандемия ҳанӯз ба поён нарасидааст”.
Ӯ афзуд, “Мо ҳоло чи гуна ба роҳ андохтани корҳои ташкилии ин ҷараён фикр мекунем. Ҷараёнҳои омадани одамон ба консертҳо, навбат гирифтан барои билет ҳаст. Вақте, ки дар ин бора хулоса мекунем, беҳтарин роҳи ҳалли масъаларо ба комиссияи махсус тақдим хоҳем кард.
“Худо хоҳад, бо иҷозати комиссияи махсус мо баргузории консертҳоро ба роҳ меандозем”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ