Имрӯз марди дарёдил, инсони ботамкин, соҳибиқадори меҳнат Ибодулло Додхоев зодрӯз доранд

Ибодулло Додхоев 16-уми декабри соли 1959 дар оилаи деҳқон дар шаҳри Самарқанд таваллуд шудааст. Соли 1977 мактаби ҳамагонии рақами 10-и ноҳияи Самарқандро (ҳоло мактаби таълими умумии рақами 62-и шаҳр) хатм карда, таҳсилро дар мактаби махсуси авиатсионии шаҳри Кривой Роги давлати Украина давом медиҳад. Соли 1980 ин боргоҳи таълимиро хатм карда, ба Самарқанд бармегардад ва дар аэропорти байналмиллалии Самарқанд ба ҳайси муҳандиси авиатсионӣ ба кор сар мекунад.
Дар рафти кор таҷриба андӯхта дар дилаш хоҳиши такмили ихтисос пайдо мешавад ва соли 1982-88 дар шӯъбаи ғойибонаи Донишкадаи давлатии авиатсионии Тошканд мехонад. Ҳангоми вазифаи меҳнатӣ дар вазифаҳои гуногун кор карда аз роҳбари гурӯҳи муҳандисон то ба директори мерасад.
Ибодулло Додхоев барои меҳнати ҳалол ва содиқона дар соҳаи авиатсионӣ борҳо бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои маъмурият ва ҳокимият мукофотонида шудааст.
Марди дарёдил, дӯсти хушмуомила, инсони ботамкин, ҳамсари меҳрубон, падари ғамхор, бобои дуогӯйи наберагони ширин И.Додхоев баҳори 61-умини уммро пешвоз мегиранд. Илоҳо, ба Ибодулло ҳеч гоҳ боди хазон нарасад, доимо саломату сарбаланд бошад ва дар давраи оила шоду масрур садсола умр бинад.
Хушо, хуршеди умрат ҷовидон бошад,
Сари болои ту то Каҳкашон бошад.

Зиёдулло МЕЛИКОВ, дотсент, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ