Русия аз сабаби тамокукашӣ, майзадагӣ ва нашъамандӣ дар як сол беш аз 13 триллион рублро аз даст медиҳад

Ин пешгӯӣ, бино ба иттилои РИА Новости, дар лоиҳаи федералии » Россияи ҳушёр» таҳия шудааст. Мутахассисони лоиҳа оид ба вазъи демографӣ ҳисобот омода кардаанд. Дар ҳисоботи худ қайд кардаанд, ки ҳар сол беш аз миллион нафар одамон бо сабабҳои марбут ба истифодаи тамоку, машрубот ва маводи мухаддир дар Русия ҳалок мешаванд. Дар тӯли 35 соли охир зиёда аз 30 миллион нафар фавтидаанд. Русия аз сабаби тамокукашӣ, майзадагӣ ва нашъамандӣ дар як сол беш аз 13 триллион рублро аз даст медиҳад,ки тақрибан 12% маҳсулоти дохиро ташкил медиҳад.Инчунин, истифодаи тамоку, машрубот ва маводи мухаддир боиси ба таъхир афтодани таваллуди кӯдакон ва қатъ кардани ҳомиладорӣ мегардад. «Кишварҳои рақиб, ки дар ихтиёри худ на танҳо муноқишаҳои мусаллаҳона, сиёсати таҳримот, инқилобҳои ранга, балки машрубот, маводи мухаддир ва дигар асбобҳои ҷангҳои гибридӣ низ доранд, имрӯз ба онҳо сирояти коронавируси COVID-19 ҳам илова шудааст», — омадааст дар гузориш. Муаллифони он пешбинӣ мекунанд, ки агар вазъ тағир наёбад, аҳолии Русия то соли 2050 ба 125 миллион нафар коҳиш хоҳад ёфт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ