Майк Помпео дар карантин


Майк Помпео, котиби давлатии ИМА бо яке аз мубталоёни коронавирус мулоқот кард ва баъди ин ҳоло дар карантин аст. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNN хабар дод.
Ҳарчанд, ки тести Помпео барои ташхиси коронавирус манфӣ буд, аммо бар асоси қоида ӯ чанд муддат дар карантин мемонад. Хадамоти тиббии вазорати корҳои хориҷии ИМА вазъи ӯро зери назорат мегирад.
Ёдовар мешавем, ИМА ҳоло аз рӯи шумори мубталоёни коронавирус ва қурбониёни он кишвари якуми ҷаҳон аст. То ҳол дар ИМА беш аз 17,1 миллион нафар мубталои коронавирус шуданд. Беш аз 312 ҳазор нафар бар асари беморӣ фавтиданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ