Дар охири моҳи декабр дар Олмон эмкунии аҳолӣ оғоз мешавад


Рӯзи 27 декабр дар Олмон эмкунии аҳолӣ бар зидди коронавирус оғоз мегардад. Дар ин бора шабакаи телевизионии N-TV хабар дод.
Ба гуфтаи Йенс Шпан, барои эмкунӣ ваксинаи ширкати BioNTech интихоб хоҳад шуд.
Ӯ афзуд, ки аз хонаи пиронсолон оғоз кардани эмкунӣ мувофиқи мақсад аст.
Чанде пеш Ангела Меркел, канслери Олмон гуфта буд, ки дар сурати бо муваффақият поён ёфтани эмкунии аҳолӣ ин кишвар то тирамоҳ метавонад ба зиндагии одатӣ баргардад.
Ёдовар мешавем, аз рӯзи 16 декабр дар Олмон карантин ҷорӣ шуд. Ин режим то 10 январ идома меёбад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ