Заноне, ки музди чандмоҳаи худро нагирифтаанд, дар Нукус роҳи мошингардро бастанд


Рӯзи 17 декабр дар яке аз кӯчаҳои Нукус чандин нафар зан ҷамъ омаданд ва роҳи мошингардро бастанд. Онҳо ҳангоми карантин дар тобистон дар кори ҷамоатӣ иштирок кардаанд, аммо музди худро ҳанӯз нагирифтаанд.
Бино ба хабари «Makan.uz», бонувон дар рӯбарӯи Маркази ёрӣ ба шуғли аҳолии Нукус ҷамъ шуданд ва ҳамчун нишонаи эътироз роҳро бастанд. Баъди ин ҳодиса дар ҳокимияти пойтахти Қорақалпоқистон қабули ин бонувон барпо шудааст.
Чанде пеш дар вилоятҳои Бухоро ва Андиҷон ба иллати муаммоҳои барқрасонӣ ва газрасонӣ роҳҳои мошингардро баста буданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ