10 рӯзи аввал баъди шифоёбӣ аз коронавирус даври хатарноктарин барои бемор аст


Мутахассисони донишгоҳи Мичигани ИМА баъди пажӯҳише хулоса карданд, ки даҳрӯзаи аввал баъди шифо ёфтан аз коронавирус даври хатарноктарин барои беморон аст. Дар ин бора маҷаллаи Journal of the American Medical Association навишт.
Олимон варақаи бемории беш аз 2 ҳазор нафар мубталои коронавирус, тақрибан 1,8 ҳазор мубталои пневмония ва 3,5 ҳазор мубталои бемориҳои дилу хунро таҳлил карданд.
Пажӯҳиш нишон дод, ки нахустин даҳ рӯз баъди паси сар шудани бемории COVID-19 даври хатарноктарин аст. Дар ин давр эҳтимоли дубора мубталои коронавирус шудан 40-60 дарсад бештар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ