Сарвазири Испания баъди маълум шудани бемории Макрон худро “изоляция” кард


Педро Санчес, сарвазири Испания рӯзи 17 декабр худро инзиво кард. Зеро, ӯ чанде пеш бо Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса мулоқот карда буд. Дар ин бора El Pais хабар дод.
Санчес ба муносибати 60-умин солгарди созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ба Фаронса рафта буд ва рӯзи душанбе бо Макрон дар Париж мулоқот кард.
Баъди он, ки мубталои коронавирус шудани Эммануэл Макрон маълум шуд, сарвазири Испания худро инзиво кард.
Ёдовар мешавем, имрӯз хабари мубталои коронавирус шудани раисҷумҳури Фаронса дар расонаҳо чоп шуд. Ӯ бар асоси қоидаҳо 7 рӯзро дар инзиво сипарӣ мекунад. Ӯ дар ин муддат вазифаҳои худро фосилавӣ иҷро мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ