Ҳар кас касби дилхоҳи худро меомӯзад

Дар Мактаби касб-ҳунари шаҳри Самарқанд оиди иҷрои Фармони Президент «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба такмили минбаъдаи системаи таълими касбӣ» ба рӯзноманигорон ва блоггерҳо маълумот дода шуд. Дар он вакилони матбуот бо шароитҳои фароҳам оварда барои хонандагони мактаби касб-ҳунари шаҳри Самарқанд шинос шуданд. Дар бораи раванди таълимии муассиса, ки дар он зиёда аз 220 донишҷӯ дар 7 самт таҳсил мекунанд, маълумоти муфассал дода шуд.

  • Дар мактаби мо хатмкунандагони синфи 9 аз рӯи ихтисосҳои дӯзандагӣ, сартарошӣ, нигоҳубин ва таъмири мошинҳо, графикаи компютер, сантехник таҳсил мекунанд, — мегӯяд директори мактаб Шӯҳрат Толибов. — Ҳар кас вобаста ба роҳи интихобкардаи худ касби дилхоҳи худро меомӯзад. Масалан, оҳангарӣ дар минтақае, ки мактаби мо ҷойгир аст, хеле рушд кардааст. Падару модарон фарзандони худро оварда, аз мо хоҳиш мекунанд, ки ба фарзандашон дар ин самт таълим диҳем. Ё бо мақсади кор кардан дар фабрикаи бофандагӣ, духтарон самти дӯзандагиро интихоб намуда, ин касбро бодиққат меомӯзанд. Пас аз ду соли таҳсил онҳо дар ин соҳа кор мекунанд.
    Аз соли таҳсили 2020/2021 сар карда, дар вилоят ба ҷои 167 коллеҷ 74 муассисаи таълимӣ, яъне 37 мактаби касб-ҳунар, 15 коллеҷ ва 22 техникум фаъолият мекунанд.
    Хатмкунандагони синфи 9 дар мактабҳои касб-ҳунар дар асоси барномаҳои таълимии 2-сола, таҳсил мегиранд. Мактабҳои касб-ҳунар хонандагонро ба зиёда аз 200 касб тайёр мекунанд, ба монанди тиҷорати оилавӣ, сохтмон, хизматрасонӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, занбӯрпарварӣ, моҳидорӣ ва ғайра.
    Коллеҷҳо мутахассисони миёнаи касбиро дар асоси барномаҳои таълимие, ки барои таҳсили то 2 сол пешбинӣ шудаанд, омода мекунанд. Хатмкунандагони синфи 11-и мактабҳо ба он коллеҷҳое қабул карда мешаванд, ки таҳти сарпарастии вазорату идораҳо ва ташкилотҳо фаъолият намуда, барои вазифаи муайян дар ин соҳа мутахассисон тайёр мекунанд.
    Дар техникум ҷавононе таҳсил мекунанд, ки синфи 11-ро дар асоси барномаҳои таълимӣ то 2 сол дар таълими рӯзонаву ғоибона мехонанд ва сипас таҳсилро дар дараҷаи бакалаврии донишгоҳ ва донишкадаҳо идома медиҳанд. Система барои баланд бардоштани сатҳи фарогирии шумораи зиёди хатмкунандагони мактабҳои миёна, ки дар ояндаи наздик маълумоти олӣ доштанро мехоҳанд, хидмат кунад.
  • 6-уми сентябри соли 2019 Фармони Президент «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба такмили минбаъдаи системаи таълими касбӣ» қабул карда шуд. Агар ин фармон барои ташкили таълими касбӣ дар таърихи Ӯзбекистон асос гузошта бошад, 24-уми январи соли 2020 Президент дар Муроҷиатномаи худ: «Аз соли таҳсили ҷорӣ сар карда, системаи комилан нави таълими касбӣ, мактабҳои касб-ҳунар, коллеҷҳо ва техникумҳо таъсис дода мешавад» — гуфта бори дигар аҳамияти онро таъкид карданд.
    Тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар мактабҳои касб-ҳунар барои соҳаҳои босуръат рушдёбанда, ба монанди тадбиркорӣ, тиҷорати хурд, тиҷорати оилавӣ, сохтмон, хизматрасонӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, занбӯрпарварӣ, моҳидорӣ ба нақша гирифта шудааст, — гуфт Азизбек Насимов, роҳбари Садорати минтақавии рушд ва ҳамоҳангсозии таълими касбии вилояти Самарқанд.
    Дар поёни пресс-тур дар бораи лоиҳаҳое, ки солҳои оянда дар ин соҳа ба нақша гирифта шудаанд, маълумот дода шуд.

Шаҳзод КЕНҶАЕВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ