Кай марзҳо боз мешаванд?

Владимир Путин гуфт, кушодашавии марзҳо аз сатҳи бемории COVID — 19 дар кишвар вобастагӣ дорад.

«Ҳар замоне, ки пизишкон иҷозат медиҳанд, ҳамон вақт марзҳо боз мешаванд», — гуфт Владимир Путин дар нишасти матбуотӣ.
Ба гуфти президент, феълан сатҳи беморӣ дар кишвар бисёр баланд аст ва имкон нест, ки марзҳо боз шавад.

Ӯ ҳамчунин соҳаи ҳавонавардиро аз осебпазиртарин соҳаҳо дар замони ҳамагирӣ хонд.

Ёдрас мешавем, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия имрӯз нишасти матбуотии солонаашро дар шакли онлайн баргузор мекунад.

Солҳои пеш Владимир Путин, чандин соат ба суолҳои хабарнигорони дохиливу хориҷӣ, дар Кохи Кремлин посух медод.

Имсол ба сабаби пандемияи вируси корона шакли баргузории нишасти матбуотӣ тағйир ёфт ва ба таври онлайнӣ сурат мегирад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ