Валдис Пелш дар бораи Ӯзбекистон филми мустанади «фантастикӣ» таҳия мекунад


Валдес Пелш, продюсер ва ровии телевизионии Русия дар бораи Ӯзбекистон филми мустанад таҳия мекунад.
Бино ба хабари “Ӯзбеккино”, Валдес Пелш дар чорчӯби барномаи “Ҳафтаи мероси фарҳангӣ” дар Тошканд шартномаи таҳияи филми мустанадро имзо кард.
Пелш гуфт, “Мо нигоҳе ба ояндаи Ӯзбекистони баъди 30-40 солро пешниҳод кардем”.
Ба гуфтаи ӯ, филм барои ҷавонон таҳия мешавад. Пелш афзуд, ки филми мустанад бояд воқеъбинона ва ҳамзамон фантастикӣ бошад.
Ёдовар мешавем, рӯзи 16 декабр дар Тошканд дар чорчӯби “Ҳафтаи фарҳангӣ” конфронси “Кинематографи Ӯзбекистон: дирӯз, имрӯз, фардо” баргузор шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ