344 нафар донишомӯзи дуздидашудаи Нигерия ба озодӣ расиданд


Донишомӯзони як мактаб-интернати иёлати Касинаи Нигерия, ки чанде пеш аз сӯи ҷангҷӯён дуздида шуда буданд, ба озодӣ расиданд. Дар ин бора Евронюз хабар медиҳад.
Ба гуфтаи Амину Белло, ҳокими Касина, низомиён маҳалли нигоҳдории кӯдакони асирро пайдо ва муҳосира кардаанд. Дар ин амалиёт чанд нафар бо роҳбарони гурӯҳи террористии “Боко Ҳарам” музокира кардааст. Маҳз ин музокираҳо дар озод кардани кӯдакон нақши муҳим бозидааст.
Ёдовар мешавем, гурӯҳи мусаллаҳи ҷангҷӯён рӯзи 11 декабр дар шаҳри Канкари Касина ба мактаб-интернат ҳамла кард ва садҳо нафар донишомӯзро дуздид. Гурӯҳи террористии “Боко Ҳарам” масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳдаи худ гирифт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ