Пешниҳоди Раҳмон: Феҳристи умумии созмонҳои террористии мамнӯъи ИДМ таҳия шавад


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти онлайни сарони кишварҳои узви ИДМ таклифи худро пешниҳод кард.
Ӯ гуфт, ки бояд феҳристи умумии созмонҳои террористии мамнӯъ дар қаламрави ИДМ таҳия шавад.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “Ман таҳия кардани феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ-ро масъалаи муҳим ҳисоб мекунам”.
Ӯ пешниҳод кард, ки маркази мубориза бо террористии ИДМ бояд бо шӯроҳои махсус таҳияи ин феҳристро оғоз кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ