Байден барои мақоми вазири корҳои дохилӣ аз миёни ҳиндуҳо номзад пешниҳод кард


Ҷо Байден, раисҷумҳури нави ИМА номзадии Деб Ҳоланди 60-соларо ба мақоми вазири корҳои дохилӣ пешниҳод кард. Дар ин бора рӯзномаи «The Washington Post» навишт.
Деб Ҳоланд сар аз соли 2019 узви Маҷлиси намояндагони порлумони ИМА аз иёлати Ню-Мексико мебошад.
Агар хонум Деб Ҳоланд вазири корҳои дохилии ИМА шавад, номи ӯ ҳамчун нахустин вазири ин кишвар аз миёни ҳиндуҳо дар таърих сабт мешавад.
Нэнси Пэлоси, раиси Маҷлиси намояндагони Конгресс гуфт, ки номзадии Деб Ҳоландро дастгирӣ хоҳад кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ