Адиби адабомӯзу таърихнавис ва…

Ҳоҷӣ Каримбердӣ Тӯрамурод адиби сермаҳсул буда, танҳо соли равон ҳафт номгӯй асари ӯ нашр шуданд. Дар китобхонаи ба номи Пушкини шаҳри Самарқанд тақдимоти китоби тарҷумаиҳолии ӯ «Ҳафт рӯз» баргузор гардид. Муаллиф дар вохӯрӣ бо мухлисону вакилони матбуот дар бораи шоҳроҳи худ ба адабиёт нақл кард, ки хеле шавқангез аст.
– Камина дар синни 40 солагӣ ба боғи адабиёт ворид гаштам, – гуфт Каримбердӣ Тӯрамурод. – Нахустин ҳикояам «Моҳи асал» ном дошт, ки муҳаррири рӯзномаи «Ургут садоси» аз чопаш худдорӣ кард. Вай гуфт, ки намехоҳад аз вазифа сабукдӯш шавад. Хушбахтона, онро рӯзномаи «Самарқанд» нашр кард.
– Аз рӯйи ихтисос кӣ ҳастед?
– Солҳои таҳсил дар мактаб ният доштам, ки санъаткор ё варзишгар шавам. Захма ба тор зада, ҳатто дар маъракаҳои мардуми Ургут ва Самарқанд хизмат кардаам. Дар варзиш пирӯзиҳо насиб гашт, вале дар мусобиқае китфам лат хӯрд. Солҳои таҳсил ба мо аз фанни риёзӣ педагоги ҳақиқӣ Ҳабиб муаллим дарс гуфт. Қариб ҳамаи ҳамсинфон математик шудем. Ман пас аз хатми факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар мактаби зодгоҳам омӯзгор шудам. Муаллимам аввал нисфи дарсашро ба ман дод ва гуфт, ки ту вориси муносиби ман ҳастӣ. Дертар ба нафақа рафт.
Аз байн бист сол сипарӣ гашт ва камина дар рӯзномаҳои «Келажак-­пресс» ва «Бекажон» кор кардам. Чанд сол бо ҳамроҳии Акбар Маҳмудов фаъолият бурдем. Рӯзномаҳо мактаби эҷодии ман гардид. Аммо мутолиа ва навис-­навис ба одат табдил ёфт. Ҳоло ҳам ҳар рӯз 50 саҳифа мехонам ва 20 саҳифаро сиёҳ мекунам.
– Бештар ба эҷодиёти киҳо таваҷҷӯҳ доред?
– Солҳои мактабхонӣ дар китобхонаи мактабамон беш аз се ҳазор асар арзи вуҷуд дошт. Пас аз ҳамаи онҳоро варақ задан ба китобхонаи хоҷагии ҷамоатӣ рафта, 5 ҳазор асари гуногунро хондам. Эҷодиёти Абдулло Қодирӣ, Садриддин Айнӣ, Ғафур Ғулом, Ойбек, Примқул Қодиров, Абдулло Қаҳҳор, Одил Ёқубов, Ӯткир Ҳошимов ва дигарон ба ман таъсири калон бахшиданд. Албатта, бо нависандагони рус ва ҷаҳонӣ низ шинос будам. Вале устодам Тоҳир Малик (равонаш шод бод!) маслиҳат доданд, ки аз русӣ ба ӯзбекӣ тарҷума кардан зарур. Нахуст услубро меомӯзам, дуюм захираи сухани кас ғанӣ мегардад. Саввум ҷумлабандӣ осон мешавад. Чанд ҳикояҳои Чехов ва Михаил Шолоховро ба ӯзбекӣ баргардонда, ба ҳақ будани устодам боварӣ ҳосил кардам. Кӯтоҳбаёниро аз Чехов ва руҳшиносиро аз Шолохов омӯхтам. Инчунин, романи Барбара Картен «Асира» ба ӯзбекӣ тарҷума шуд.
– Ва сонӣ худ боз роман навиштед…
– То имрӯз беш аз 20 повесту романи банда рӯйи чопро дид. Боз ҳафт китобам дар нашриёт аст.
– Мегӯянд, ки гӯё ҳар як китоб ҳам «фар­занд»-и муаллиф мебошад!
– Ба маънои рамзӣ ҳақ асту рост. Охир чуноне, ки тоҷикон мегӯянд «сухане бар сухане зам шавад, қатрае аз хуни ҷигар кам шавад». Азоби эҷодиётро адибон, шоирон ва худам медонаму Худо.
– Аҷиб, чашмаи илҳоматон кай ба ҷӯш меояд?
– Солҳои охир ба бемории бедорхобӣ гирифторам. Бовар кунед, агар дар як шабонарӯз 2–3 соат хоб кунам, кифоя аст. Ана баъд роздони банда қаламу дафтар-­дия.
– Агар сири махфӣ набошад, ҳоло чӣ менависед?
– Қиссаи «Шаби арӯс». Иншооллоҳ дар муддати кӯтоҳ нуқтаи охирин, мегузорам. Баробари он хотирот-­мемуар, рӯзноманависӣ низ идома ёфта, барои навиштани сериале низ вақт ҷудо кардаам, ки мисли «Гули ҷигида» аз 20 қисм иборат хоҳад буд.
– Маслиҳати шумо ба насли нав­рас?
– Хонед, хонед ва боз хонед. Зеро ҳазрат Абдураҳмони Ҷомӣ лутф намудаанд:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Ба фикри шумо нависанда кист ва қаламзанӣ чист?
– Адиб адабомӯзу таърихнавис ва қаламзан ифшогари руҳу роз аст. Аммо барои тарбиягари ҳақиқӣ шудан бисёр чизро донистан ва барои навиштан сабру тоқат, инчунин лаззат бурдан аз эҷодиёт лозим меояд. Агар дар инсон ана ҳамин ду хислат бошад, аз ӯ чизе умедвор шудан мумкин…
Воқеан, ба вохӯрӣ бо Ҳоҷӣ Каримбердӣ Тӯрамурод беш аз сад нафар мухлисони каломи бадеъ ташриф фармуда, дар байни онҳо дӯстону ҳамсинфон хешу пайвандони адиб, инчунин, журналистону блогерҳо ва онҳое, ки бо китобу нашриёт алоқа доранд, ҳузур доштанд. Ҳозирон саволборон карданд, мо фикрҳои ҷолиби диққатро ба қайд гирифтем.
Ҳангоми вохӯрӣ ба ӯ барқия расид ва хушхабар он буд, ки вайро ба анҷумани байналхалқӣ бахшида ба эҷодиёти Ҷалолиддини Румӣ, ки дар шаҳри Кунияи Туркия ба вуқӯъ хоҳад пайваст, даъват карданд. Каримбердӣ Тӯрамурод дар он иштирок хоҳад кард. Ин маънои онро дорад, ки вай боз бо асарҳои нав мухлисонро хурсанд мегардонад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ