Накҳати 109 гул

Нақши рӯзномаву маҷаллаҳо дар барқарор нигоҳ доштани рушди муҳити адабии ҳар минтақа кам нест. Бинобар ин, таҳририяти нашрияҳо сарфи назар аз душвориҳои иқтисодӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо гузашти солҳо беҳтарини мунтахаби намунаҳои эҷоди дар рӯзномаву маҷаллаҳои худ чопшударо дар шакли китоб гирд оварда, пешкаши мухлисон кунанд. Чунин кори хайр як навъи посдории ёди эҷодкорони гузашта ва эътибор ба онҳое мебошад, ки ба адабиёт қадамҳои аввалини худро мегузоранд.
Ба қарибӣ бо заҳмати кормандони рӯзномаи вилоятии «Зарафшон» ва ба мамнунияти ихлосмандони каломи бадеъ чунин як китоби пурмӯҳтаво бо номи «Зарафшон зарварақлари» («Зарварақҳои Зарафшон») рӯйи чопро дид. Мақсад аз нашри ин маҷмӯа, чуноне ки дар пешгуфтори китоб қайд шудааст, хабардор кардани хонанда аз маводҳои дар саҳифаҳои рӯзнома чопшуда ва пос доштани хотираи муаллифоне мебошад, ки имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд ва хурсандиовар аст, ки «дар ин кори хайр қариб ҳамаи ходимони эҷодии ҷамоаи рӯзнома саҳм гузоштаанд».
Ба чунин иқдом даст задани таҳририяте, ки дар солҳои гуногун дар он Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Садриддин Айнӣ, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, сипас, Барот Бойқобилов, Нормурод Нарзуллоев, Оқилҷон Ҳусайнов, Асад Дилмуродов ва дигар эҷодкорон фаъолият пеш бурдаанд, идомаи анъана, амали нек ва савоб аст. Ва аз ҳар ҷиҳат сифатан баланд ва бе саҳви ҷиддӣ иҷро шудани ин кор савоби онро ба маротиб зиёд хоҳад кард.
Бе ҳеҷ шубҳа, китоби «Зарафшон зарварақлари» барои тадқиқотчиёни адабиёти ӯзбек солҳои тӯлонӣ ба сифати манбаи муҳим хизмат мекунад. Чунки дар маҷмӯа шеъру ҳикоя ва тарҷумаҳои эҷодкорони маъруфе чун Абдулҳамид Маҷидӣ, Ҳайдар Яҳё, Шароф Рашидов, Раъно Узоқова, қаламкашони миёнсол ва ҷавон, ҳамагӣ намунаи эҷоди 109 нафар адиб оварда шудааст, ки чун китобро ба даст мегиред, гӯё ба машом накҳати 109 гули ин дастагул мерасида бошад.
Маҷмӯаи «Зарафшон зарварақлари» дар шӯъбаи матбааи нашриёти «Машҳур-­пресс нашриёти» бо теъдоди 500 нусха чоп гардидааст. Умед аст, ки ихлосмандони адабиёт онро бо завқ мутолиа карда, ғизои маънавӣ мегиранд.

Тошқул АЗИМОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ