Истеъмоли мандарин барои киҳо тавсия дода намешавад?

Истеъмоли аз ҳад зиёди мандарин ба саломатии инсон зарар дорад, зеро дар таркиби ин меваи ситрусӣ фуруктоза зиёд буда, он ба орзанизми инсон таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин бора мутахассиси Донишгоҳи давлатии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ғизо Пайрав Мамадҷонов иброз дошт.
Бино ба гуфтаи ӯ, одатан дар ин айём бозорҳои мо, шукр, ки аз мандарин пур мешаванд, он яке аз меваҳои болдогузар рӯи дастархони солинавии мардуми мо хоҳад буд. Вале фаромӯш набояд кард, ки истеъмоли мандарин ба нафарони гирифтори бемории илтиҳоби шадиди роҳҳои нафас ва аллергия тавсия дода намешавад. Зеро ҳангоми чунин бемориҳо сулфа ва хориши роҳҳои нафас, ки аз истеъмили мандарнин ба вуҷуд меояд, зиёд шуда, метавонад сабаби варам кардани роҳҳои нафас гардад.
«Истеъмоли аз меъёр зиёди мандарин метавонад ба саломатии зани ҳомиладор ва кӯдаки батни ӯ таъсири манфӣ расонад. Инчунин истеъмоли ин навъ мева ба одамони гирифтори бемории захм, гастрит ва дигар бемориҳои узвҳои ҳозима низ тавсия дода намешавад. Хусусан дар давраи авҷи ин бемориҳо истеъмоли он манъ карда мешавад»,- мегӯяд номбурда.
Вале дар баробари ин, мандарин манфиатовар низ ҳаст. Истеъмоли мандарин, ки меваи болаззат буда, бӯи гуворо дорад, барои бартараф намудани фарбеҳӣ кӯмак мерасонад. Тадқиқотҳо собит намудаанд, ки истеъмоли мандарин метавонад ба кам шудани чарбуи ҷигар ва чарбҳои шикам мусоидат кунад. Олимони Япония муайян кардаанд, ки моддаҳои дар таркиби мандарин мавҷудбуда холестеринро пешгирӣ карда, дил ва рагҳои хунгардро аз атеросклероз муҳофизат мекунанд.
Афшураи тару тозаи мандарин ба кӯдакон ва беморон ҳамчун нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ тавсия дода мешавад. Дар ҳарорати баланди бадан он дар мубориза бо ташнагӣ кумак мекунад. Бинобар хосиятҳои антисептикиаш мандарин таъсири зиддимикробӣ ва зиддивирусӣ низ дорад. Аз ин сабаб ин меваро барои пешгирии сирояти роҳи нафас ва зуком истифода бурдан мумкин аст. Ҷӯшоби пӯсти мандарин барои паст намудани диабет, яъне коҳиш додани сатҳи қанд дар хун мусоидат мекунад.
Ба андешаи табибон, нафароне, ки бемории диабети қанд доранд, дар як рӯз бояд аз ду дона зиёд мандарин истеъмол накунанд. Истеъмоли ин меваи ситрусӣ барои кӯдакони аз 3-сола боло бо меъёри муайян тавсия дода мешавад.
Бояд гуфт, ки дар таркиби мандарин витамини С мавҷуд буда, истеъмоли он барои барқарор намудани иммунитет манфиатовар мебошад. Инчунин он дорои кислотаи калий, магний ва калтсий, витаминҳои C, P, B1, B2, A, D, K мебошад

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ