Дар Ню-Йорк ба далели бориши барфи зиёд вазъияти фавқулодда ҷорӣ шуд


Дар 14 ноҳияи иёлати Ню-Йорк ба далели бориши барфи зиёд вазъияти фавқулодда ҷорӣ гардид.
Дар натиҷаи ях бастани роҳҳо 4 кас дар Ню-Йорк қурбони садама шудаанд.
Дар чанд минтақа, аз ҷумла, дар Ню-Ҷерси фаъолияти воситаҳои нақлиётии мусофирбар қатъ шудааст. Ин ҳолат интиқоли ваксинаҳоро душвор мекунад.
Дар Пенсилвания роҳҳо ях бастаанд.
Ҳокимиятҳои чандин иёлот аз шаҳрвандон истифода набурдани автомобилро дар сурати зарур набудан дархост кардаанд.
Гуфта мешавад, ки дар як ҳафтаи охир дар ИМА беш аз меъёри моҳона барф боридаст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ