Роҳи ғайриоддиву осони дарозумрӣ пайдо шуд


Сурудхонӣ саломатии инсонро нигоҳ медорад ва умри ӯро дароз мекунад. Олимони Британияи Кабир чунин хулоса карданд. Дар ин бора Express хабар медиҳад.
Вақте, ки инсон суруди дӯстдоштаи худро мехонад, дар организми ӯ моддаи эндорфин ҳосил мешавад, ки ин модда одамро болидарӯҳ, солим ва некбин мекунад. Ҳамчунин, олимон мегӯянд, ки барои организм фарқе надорад – соҳиби ӯ хуб мехонад, ё бад. Организм дар ҳар ду сурат ба сурудхонӣ муносибати якхелаи мусбат нишон медиҳад.
Ба гуфтаи олимон, сурудхонӣ на танҳо рӯҳро болида мекунад, ҳамчунин, ҳолати ҷисмониро беҳтар мекунад, хатари фаромӯшхотирӣ ва бемории Азлгеймерро кам мекунад. Сурудхонӣ ба таъмин шудани мағзи сар бо ҳаҷми зарурии кислород ва ба меъёр афтодани фишори хун низ сабаб мешавад.
Ёдовар мешавем, чанде пеш олимони ИМА кашф карданд, ки сурудани паррандаҳо одамро болидарӯҳ мекунад, хоҳ сурудани зинда бошад, хоҳ сабти садо.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ